13 августи соли 2025 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид намуданд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм ва муовини раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати ҳакамон, падару модарони иштирокчиён ва худи ширкаткунандагон вохӯрӣ ва суҳбат намуданд. Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм аз ин ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онро яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани маърифату босаводӣ дар ҷомеа арзёбӣ кард.
Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки озмуни мазкур на танҳо завқи китобхонӣ ва маърифати хонандагонро боло мебарад, балки барои тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин, вазир ба падару модарон барои заҳмат ва талошҳояшон дар тарбияи фарзандони босаводу донишманд изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳануз 2 январи дар соли 2025 ба имзо расид.
Зеваршоҳ УКТАМШОҲЗОДА,
Радиои Тоҷикистон