Бадахшон. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Ба ин хотир, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат ва раиси ҳайати ҳакамон Файзализода Ҷумахон директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, ҳамзамон, раиси ҳайати ҳакамон дар вилоят, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун маросимӣ кушодашавии даврӣ вилоятӣ доир гардид.
Муовини Раиси вилоят Фурқати Ҳукумат зикр кард, маҳз дар заминаи иқдоми маърифатпарварона ва таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар кишварамон чунин озмунҳо баргузор мегарданд, ва хушбахтона сол аз сол дар вилоят низ теъдоди иштирокчиён дар озмунҳо зиёд гардида истодааст. Муовини раиси вилоят қайд намуд, ки соли сипаригардида дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Шаҳина Мабатқадамова соҳиби шоҳҷоиза гардиданд, ки ин боиси ифтихори кулли сокинони вилоят мебошад.
Файзализода Ҷумахон, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» изҳор дошт, ҳадаф аз гузаронидани чунин озмун, ин пеш аз ҳама рӯ овардан ба китоб ва фарҳанги китобхонии миллати тоҷик мебошад.

Дар рафти ҷаласа ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва шаффоф доир намудани озмун дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба даври вилоятии озмуни мазкур 401 нафар аз шаҳр ва ноҳияҳои вилоят роҳхат гирифтанд.
Озмун аз руи номинатсияҳо дар толорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Китобхонаи вилоятӣ баргузор гардиданд.