Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими ҳавзаи федералии Шарқи Дури Россия мулоқот намуд

12 августи соли 2025 дар ҳошияи сафари корӣ ба минтақаи Хабаровск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодиҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи федералии Шарқи Дур ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гардидааст.

Тавре Сафорат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсади баргузории вохӯриро иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба огоҳ намудани ҳамватанон аз дастовардҳо ва барномаҳои рушди кишвар арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ миёни созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта, риояи қонунгузории кишвари иқомат ва саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубошро масъулияти аввалиндарҷаи ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дониста шуд.

Ҳамзамон, ба намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ ва иштироки фаъол дар маъракаҳои ҷамъиятии дар шаҳру вилоятҳои Россия баргузоршаванда, ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шавад.

Инчунин, аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал оавард, ки дар ободонии меҳан ва баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунугардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.