Рақобати «Регар-ТадАЗ» ва «Аҳал»-и Туркманистон барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-юми Осиё

Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2024 — дастаи «Регар-ТадАЗ» барои роҳёфтан ба марҳилаи ниҳоии Лигаи чемпионҳои 2-юми КФО бо тими «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад.

Имрӯз ин ду даста дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам андарин майдон рақобат мешаванд. Дидор барои ҳарду тим ҳам бисёр муҳим арзёбӣ мешавад, чун барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ танҳо як бозӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли муайян нагардидани ғолиб, дастаҳо дар эктратайм низ байни ҳам рақобат мекунанд. Агар ин ҳам натиҷа надод, пас ғолибро силсилазарбаҳои ёздаҳметра муайян хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки оғози бозӣ соати 17 (бо вақти Душанбе)дар назар аст. Дар ин дидори муҳим ба дастаи ватанӣ — «Регар-ТадАЗ» барор хоҳонем!

Рустам Зоирзода

радиои «Тоҷикистон»