Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Ҳисор 5 корхонаи саноати аз ҷумла корхонаи коркарди шир ҶДММ “Шири покиза”, маҳсулоти бетони ҶДММ “Нури Наср”, коркарди ҷуворимакка ҶДММ “Ситаб Агро”, коркарди пахта ҶДММ “Бунафша-2013” ва ҶСК “Пахтаи Ҳисор” аз сабаби надоштани маблағи гардон, куҳнаю фарсуда гардидани дастгоҳу таҷҳизотҳои истеҳеҳсоли аз фаъолият бозмондаанд. Чунин иттилоъ дод зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар 6 моҳи соли 2025 шумораи 11 ҳазору 528 нафар аз ташхиси ВНМО гузаронида шуданд, ки аз ин 15 нафар бемор ба қайд гирифт шудааст. Шумораи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд мебошад. Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, гирифторони бемории ВНМО 589 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 229 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ, ки аз соли 2005 дар қайд мебошанд, 146 нафарашон фавтиданд, 443 нафарашон таҳти назорати доимии марказ қарор доранд. Тибқи таҳлилҳо 20 нафар ба тариқи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»