Сармояи Амонатбонк нисбат ба соли гузашта 12, 4 фоиз афзоиш ёфт

Ҳаҷми сармояи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12, 4 фоиз афзоиш ёфтааст.  Ин иттилоъро имрӯз Раиси Амонатбонк Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.  

Ба иттилои раиси Бонк дар шашмоҳаи аввали соли 2024 Амонатбонк ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмӯъ 62, 1 млн. сомонӣ маблағҳои ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22, 6 фоиз бештар аст.  Вобаста ба бақияи умумии пасандозҳо  дар Амонатбонк маълумот дода шуд, ки  ба санаи 30 июни соли 2025 ба 7, 7 млрд. сомонӣ расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024 31, 7 фоиз афзоиш ёфтааст. Бонк аз рӯи ин нишондиҳанда мавқеи намоёнро дар низоми бонкии кишвар ишғол мекунад. Ин дар ҳолест, ки Бақияи пасандрзҳои аҳолӣ ба 2, 9 млрд. соионӣ расида, нисбат ба соли гузашта 18, 1 фоиз афзудааст ва 38, 8 фоиз ҳаҷми умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.

Инчунин қайд гардид, ки Бонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар иқтисодиёти миллӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрас ва дарозмуддат дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби захираҳои дохиливу хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор мизоҷ қарз пешниҳод намуда, ҳаҷми умумии қарздиҳӣ беш аз 1 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  7, 9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора ҳамкорамон О. Шарипова аз рафти  нишасти матбуотии  Амонатбонк ба мо иттилоъ дод.