Дар Душанбе даври сеюми форуми марказҳои таҳлилии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Дар нимсолаи якуми соли 2025 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон 114 адад мақола нашр кардаанд. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода директори Марказ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки аз ин шумора 60 ададаш дар матбуоти даврӣ, сомонаҳои расмию давлатӣ ва 54 адади дигар дар маҷаллаҳои илмию таҳлилӣ чоп шудаанд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 7 ниҳоди таҳлилӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз қабили ҶИ Эрон, Арабистони Саудӣ, ҶМ Чин, Ҷумҳурии Муғулистон ва ғайра. Ба таъкиди Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар умум ҳоло Марказ бо 26 маркази тадқиқотии кишварҳои дуру назик ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Дар идомаи нишаст Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир шомилшавии ҷавонон ва дигар қишрҳои аҳолии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ кам гардидааст ва бо татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда дар ин самт, маърифатнокӣ зиракии сиёсии шаҳрвандонамон бештар мегардад.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон қайд гардид, ки даври сеюми форуми марказҳои таҳлилии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар он дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»