Шиканҷа нисбати кӯдакон зиёд гардида, аммо ҷиноятҳо аз ҷониби кӯдакон коҳиш ёфтааст

Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа нисбати кӯдакон зиёд гардида, аммо ҷиноятҳо аз ҷониби кӯдакон коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфта шуд.

Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷа нисбати кӯдаконро нигаронкунанда хонда, гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Тоҷикистон шиканҷа аз ҷониби волидон 30 фисад зиёд гардида, ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон 18 фисад кам шудааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод дар ин давра чор ҳолати ҷиноят нисбати кӯдакон аз ҷониби волидон ба қайд гирифта шудааст, ки бояд дар ин самт корҳои муайян анҷом дода шавад.

— Вале ин чор ҳолате, ки қатлу зӯроварӣ нисбати кӯдакон аст, инҳо ҳолатҳои ошкоршуда ҳастанд. Ин ҳолатҳо аввал ошкор шуда, баъдан наворҳои он дар шабакаҳои иқтимоӣ пайдо шуданд, — илова кард С. Қодирӣ.