Бозиҳо даври 10-уми  мусобиқаи  ПЛА оғоз

Даври 10-уми  мусобиқаи  ПЛА низ бо дақиқаи хомӯшӣ  оғоз гардид. Дар ин давр бошгоҳи  «МЮ» дар сафар бо тими «Саутгептон» дидор анҷом дод.

Дар нимаи аввал  соҳибони майдон  хеле фаъол бозӣ карда ба дарвозаи рақиб ду гол ба нишон расониданд Муалифи ин голҳои  Беднарек ва Уорд Проуз  гардиданд. Дар  нимаи дуюми бози  шогирдони  Оле Гунар Сулшер  идораи тубро  ба дасти худ гирифтанд. Дар нимаи дуюм  Сулшер ба ҷои Гринвуд Эдинсон Каваниро ба майдон даровард.  Ин ҳамлагари дастаи «МЮ»  дар дақиқаи 60-ум як партофти головар ба  Бруно Фернандеш кард, ки ӯ дарвозаи рақибро рахна карда ҳисоби бозиро 2:1 кард.  Аммо то анҷоми бозӣ  Эдинсон Кавани  дар дақиқаи 74 ва 90-ум ду маротиба  дарвозаи рақибро  рахна карда  дастаи худро  аз бохт наҷот дод ва  бозингари беҳтарини сабқат  ҳисобида шуд.

Бозии марказии даври 10-ум ин дидори тимҳои  «Челси» ва «Тоттненхэм» ба ҳисоб мерафт.  Дар ин  вохӯрӣ аксар ҳаводорони  футбол  голи зиёдро мунтазир буданд. Аммо  натиҷаи вохӯрӣ  бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ҷамъбаст гардид. Баъди ин бозӣ сармурабии  дастаи «Тоттенхэм» ба хабарнигорон  гуфтааст, ки   мо талош мекунем, ки  бозиҳои хуб нишон диҳем. Баъди ин мусовӣ айни ҳол   шогирдони  Жозе Мауринио бо касби 21 имтиёз дар садри ҷадвал қарор доранд.

Бошгоҳи «Арсенал» дар ин даври  мусобиқа дар майдонаш тими «Вулверхэмптон»-ро пазироӣ  кард. Шогирдони Микел Артета натавонистанд, ки  пирӯзӣ ба даст биёранд. Дастаи «Арсенал» аз тими  рақиб бо натиҷаи 1:2 мағлуб гардид.  Тими «Арсенал» дар  10 даври бозиҳои ПЛА 13 имтиёз дорад, ки ин бадтарин нишондод дар 10 соли охир мебошад.  Дар мавими гузашта, ки «Арсенал»-ро  Унаи Эмери   баъди 10 бозӣ 18 имтиёз гирифта буданд.

Тими «Нюкасл» дар ин давр  дар сафар бо тими  «Кристал Пэлас» вориди майдон гардид.  Дастаи  меҳмонон  тими соҳибони майдонро бо ҳисоби 0:2 мағлуб карданд.

Дар ин даври ПЛА тими «Брайтон» дар майдонаш бошгоҳи «Ливерпул»-ро пазирои кард.  Шогирдони Юрген Клопп дар нимаи аввали бозӣ натавонистанд, ки  ба задании гол даст ёбанд. Дар нимаи дуюми  бозӣ  нахустин шуда Диогу Жота бозинагри тими «Ливерпул» ҳисобро кушод. Аммо    дар дақиқаҳои иловагӣ қоидаи бозиро  ҳимоятгарони  «Ливерпул» вайрон карданд ва довари бозӣ ҷаримаи 11 метра эълон кард, ки  онро бозингари  соҳиби майдон Гросс ҳадафмандони иҷро карда, ҳисоби бозиро  1:1 кард.

Бошгоҳи «Манчестер Сити» дар майдонаш   тими «Бёрнли»-ро пазирои кард.  Шогирдони  Хосеп Гвардиола   дарвозаи рақибро голборон карданд.  Ҳамлагари  тими «МС» Марез се гол ба дарвозаи рақиб зад, ҳамчунин  Менди  ва Ферран Торрес ду голи дигар зада шумораи голҳои  дасаашонро ба 5 расониданд.

Дастаи  «Лидс» дар сафар ва  тими «Вест Бромвич» дар майдонаш рақибони худро  дастаҳои «Эвертон» «Шефилд Юнайтед»роб о ҳисоби  якхела 1:0 шикаст доданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *