Чаро яхобмонӣ зарур аст?       

Вилояти Суғд  яке аз минтақаҳои асосии кишоварзӣ буда,    ҳаҷми истеҳсоли махсулоти хоҷагии қишлок  сол аз сол  зиёд карда мешавад. Бунёди боғу барқарор намудани боғоти кӯҳна   маҳз асоси истеҳсоли бештари маҳсулотро даст дода имрӯз барои  иҷрои талаботҳои агротехникӣ  тадбирҳо  дар ин минтақа ҷоннок карда мешавад.  

Яхобмонӣ яке аз омилҳои муҳими серҳосилӣ ба ҳисоб рафта,  барои нигоҳ доштани намии замин хело муҳим аст. Давраи яхобмонӣ   дар хоҷагиҳои  шаҳру ноҳияҳои  кишоварзӣ аз охири моҳи ноябр то феврал гузаронида мешавад. Деҳқонону кишоваарзони ноҳияи Деваштич  аҳамияти  яхобмониро хуб медонанд ва барои саривақт  таъмин намудани заминҳои боғоти хеш  аз яхоб ва самаранок  истифода намудани давра кушиш мекунанд.

Кенҷабоқ Ҳомидов, раиси хоҷагии деҳқонии “Ғаз”

Масалан,  ин тадбирро деҳқонони ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштич  алакай оғоз намудаанд. Дар ин хусус раиси хоҷагии деҳқонии “Ғаз” – и ҷамоати деҳоти  Газантараки ноҳияи Деваштич  Кенҷабоқ Ҳомидов иттилоъ дод, ки: “Давоми ду се соли охир 10 гектар ангурбоғ бунёд намудем. Имрӯзҳо ин токзорро яхоб монда истодаем то ин, ки ҳашаротҳои заррасон нобуд шаванд. Агар деҳқон ҳаракат карда дар ин мавсим то се маротиба яхоб монад албатта ҳосли дилхоро ба даст оварда метавонад”.

Бино ба андешаи мутахассисони соҳа яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ ба ҳисоб рафта, боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад. Ҳамзамон ҳангоми кишти баҳорӣ зарурати обмонӣ бамаротиб кам карда мешавад. Яхобмонӣ ҳамон вақт манифатовар аст, ки муҳлат ва меъёри он ба шароити иқлим, хок ва талаботи биологии зироатҳои кишоварзӣ мувофиқ бошад.  Яхобмонӣ асосан ба майдони боғу токзор аҳамияти калон дорад.  Зеро ҳангоми яхобмонӣ шӯрнокии замин паст гардида, дарахтон аз хунукӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд.  Ҳамчунин яхобмонӣ   нисбатан барвақт гулкунии дарахтонро  пешгирӣ мекунад.

Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шӯъбаи истеҳсолии сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

Бобати тадбири муҳими агротехникӣ –яхобмонӣ ва аҳамияти он дар фасли зимистон мудири шӯъбаи истеҳсолии сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода  мегуяд ки: “ Фоидаи яхобмонӣ дар он аст, ки пеш аз ҳама ҳашароти зараррасон несту нобуд мешавад. Соли гузашта, ки мо дар баъзе аз заминҳои худ яхоб намонда будем ҳосили хуб ба даст наовардем. Аз ин рӯ ба ҳамаи деҳқонони кишвар маслиҳат медиҳем, ки усули яхобмониро дар вақти муайян роия намоянд”.

Мутобиқ ба дурнамои раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  ба давраи  яхобмонии солҳои 2020 – 2021 14000  замин яхоб, 1000 гектар ба шуршуӣ ва   19000 гектар боғу токзор  ба ин тадбири муҳим пешбинӣ шудааст.  Деҳконони вилоят барои таъмини заминашон бо яхоб  асосан аз оби сой ва худҷорӣ истифода мебаранд, ки дар ҳар як  шаҳру ноҳия чунин манъбаҳо мавҷуд аст.

                         Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *