Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар боғ деҳқонону боғдорон аз тамоми қаламрави кишвар ҷамъ омада, навъҳои гуногуни зардолу ва анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироати полезиро ба намоиш — фурӯш гузоштанд. Ҳамчунин дар доираи баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта шуд.
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода ва дигар намояндагони расмӣ аз намоишгоҳ дидан карда, ба деҳқонону боғдорон баҳои баланд доданд. Шоира Абдураҳимзода муовини раиси шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои миллиамон падидаи нодири таърихӣ ба ҳисоб рафта, он мардумро ба дастаҷамъӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ даъват мекунад.
Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ барои содирот намудани маҳсулҳои кишоварзӣ ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат мусоидат менамояд. Бобоназар Раҷабзода муовини раиси ноҳияи Варзоб зимни суҳбат ба мо гуфт, ки баргузор гарддидани ҷашни Тиргон дар баробари пешниҳоди дастовардҳо, инчунин ба деҳқонон имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи якдигар ошно гардида, барои пешбурди кори худ аз он истифода баранд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии таъру фарҳанги пурғановати миллатамон мусоидат мекунад. Исфандиёр Муродзода корманди Кумитаи рушди сайёҳии кишвар зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар доираи ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» Кумитаи рушди сайёҳӣ номгуи хатсайрҳои сайёҳиро барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Тиргон ҷашни шукургузори аз неъматҳои табиат ба ҳисоб рафта, онро мардуми заҳматкаш ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил менамоянд. Ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”