Баргузории ҷаласаи корӣ вобаста ба истифодаи ғайриқонунии неъруи барқ

Имрӯз дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Барқи тоҷик ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Ҷамъияти саҳомии шабакаҳои тақсимоти барқ дар филиали шаҳру ноҳияиҳои тобеӣ ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода суханронӣ карда, иброз намуд, ки айни ҳол дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1, миллиарду 653 миллион долар идома дорад, ки он 36% маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин истифодаи ғайриқонунии неъруи барқ ва талафоти беасоси он боис шуд, ки дар қонунгузории мамлакат барои истифодаи ғайриқонунии неъруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардад, гуфт муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода.

Дар идомаи ҷаласа муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода баромад карда, иттилоъ дод, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, давоми 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор гардид. Вобаста ба ин нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст.

Дар идомаи суханрониҳои худ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода гуфт, ки танҳо дар давоми 5 моҳи соли равон аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизоти барқӣ ба маблағи 39 миллион сомонӣ зарар ошкор ва ба ҳисоби давлат баргардонида шуд. Маълум гардид, ки қисми зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби масъулон ва нозирони Шабакаҳои тақсимоти барқ содир гардидааст. Онҳо бо истифода аз дуздӣ, изофанависӣ ва тассаруфи молу таҷҳизоти барқӣ, маблағи давлатро ба манфиати шахсии худ истифода кардаанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 — уми июни соли равон қарзи истифодаи неъруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бе назардошти шикрати алюминӣ, 937 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ба аҳоли 565 миллион сомонӣ ва корхонаю муассисаҳо 371 миллион сомнӣ рост омада, нисбат ба аввали сол 51 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масълулин супоришҳои мушаххаст доданд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»