Баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак»

Имрӯз дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» баргузор гардид. Тавре ҳамкорамон О. Шарипова аз макони чорабинии мазкур ба мо иттилоъ дод,  зимни ифтитоҳи ҳамоиш.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нақш ва мавқеи кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар таъсис ва ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай қайд намуд.

Инчунин дар рафти конфронси мазкур Раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев ва дигар намояндагони воломақоми СММ  ва созмонҳои минтақавӣ паёми видеоӣ ирсол намуданд.

Дар Конфронс таъкид гардид, ки ҳадафҳои стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки меҳвари СҲШ ба шумор меравад, Созмони ҳамкории Шанхай ҳамдигарро мукаммал намуда, дар таҳкими субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи фарох дар қитъаи Авруосиё саҳми арзанда мегузоранд.

Конфронс як платформаи муҳими коршиносӣ ва дипломатӣ барои муҳокимаи нақши Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари стратегии СҲШ, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор гардид.

Дар назди иштирокдорони конфронс бо барномаи фарҳангӣ лауреатҳои озмунҳои байналмилалӣ ва сарояндаҳои ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов ҳунарнамоӣ карданд. Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон ва Туркманистон иштирок доштанд.