Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Чемпионати CAFA-2025-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон баромадро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки дирӯз дар Ҳисор оғоз шуд, бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дар ин бора сомонаи ТВ Варзиш хабар дода навистааст, ки дастаи ҷавонони мо дар оғози мусобиқот дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Муаллифи голҳои дастаи мо Абдулло Иброҳимзода ва Зариф Зарифзода аз пеналти гардиданд.

Нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони мо Зариф Зарифзода беҳтарин бозигари бозии даври аввали чемпионати CAFA-2025 (U-20) бо тими миллии Афғонистон эътироф шуд. Тими ҷавонони Эрон дар гурӯҳи «В» бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюм пагоҳ дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”