Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, ки бо пешниҳодиТоҷикистону Фаронса дастгирӣ ёфта буд, рӯзи 8 июн дар шаҳри Нитсаи Фаронса бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон оғоз гардид.
Дар ҳамовозӣ ба ин рӯзи 10 июн дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мизи мудаввар бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, МД «Маркази омузиши пиряхҳо»-и АМИТ ва Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ таъкид карда шуд, ки ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи криосфера (қабати яхии Замин) тақвият дода шуда, ҷалби таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бештар карда шавад.
Муовини директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Зулфия Қурбонова зимни баромад таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои вобаста ба обу иқлим ва Даҳсолаи байналмилалии илмҳои крисосферӣ (2025-2034) дар таҳкими дипломатияи сабз нақши назаррасе дорад. Ин дипломатия, ки бар пояи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захирахои табиӣ асос ёфтааст, имрӯз ҳамчун як самти стратегии муносибатҳои байналмилалиӣ арзёбӣ мегардад.
Аз ҷониби масъулини донишгоҳҳои кишвар иброз гардид, ки барои омузиши пиряхҳо ва сахмгузорӣ дар татбиқи даҳсолаи навбатӣ ихтисосҳои нав таъсис дода мешавад.
Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»