Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашт

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, соҳиби сертификати Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) гардид.

Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг  ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкории илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.

Директори генералии IAAR Алина Жумагулова иброз доштааст, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Ин дастоварди муҳими академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ ва тавлиди лоиҳаҳои нави илмӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ боло мебарад.

Ёдовар мешавем, ки IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) буда, дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.