Баргузории се ҷаласаи мавзуӣ дар рӯзи дуюми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад. Имрӯз то нисфирӯзи се ҷаласаи мавзуӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи 7 – ум масъалаи мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласаи 8–ум фарориги мушкилот ва имкониятҳои мушоҳидаҳо дар кӯҳҳо ва пиряхҳо арзёбӣ шуд. Дар ҷаласаи 9–ум масъалаҳои пешгӯиҳо ва роҳҳои кам кардани партовҳо ба пиряхҳо ва сарфи маблағҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.

Дар доираи ҷаласаҳои мавзӯии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гуфта шуд, ки набудани мушоҳидаҳо дар баландиҳо, хусусан дар ҳавзаҳои пиряхҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон эҳсос мешавад Ин як мушкили ҷиддӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва сусттараққикарда, мебошад.

Қайд гардид, ки дар кӯҳҳои Тиёншон ва Помири Осиёи Миёна, ки криосфера манбаи асосии об барои минтака мебошад, мушохидахо ва маълумотхо хеле каманд. Дар ҳоле ки мавҷӯдияти маълумотҳои бештар ва дақиқ барои таҳияи стратегияҳо, нақшаҳои коҳиш додан ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим заминаи муҳим мебошанд.

Муҳаммадиршод Атоев, устоди Академияи идоракунии назди Президенти ҶТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки баргузории конфронси имрӯза барои ҳалли мушкилотҳои болозикр ва дигар проблемаҳои вобаста ба обу иқлим мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар конференсия гуфта шуд, ки пиряхи Ванҷ-Ях, ки калонтарин пирях на танҳо дар Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мебошад, ба хатари ҷиддии обшавӣ гирифтор аст ва ин хатар тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдид мекунад.

Далер Абдуразоқзода, корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар доираи конференсияи имрӯза дар баробари бозгӯии мушкилот аз ҷониби мутахасисони соҳа, ҳамчунин роҳҳои ҳалли онҳо низ пешниҳод гардида истодаанд ва ин ҳама дар охир дар ҳуҷҷати ниҳоии конфронс сабт мегарданд.

Нуктаи муҳимми дигаре, ки дар доираи конфронс гуфта шуд, ин пешниҳоди натиҷаи муқоисаи мувозинати массаи пиряхҳо дар соли 2025 (GLaMBIE) ба ҳисоб рафт. Ин маълумот тағйироти ҷории глобалии массаи пиряхҳоро бо пешгӯиҳои дақиқтар нишон дода, он барои тасмимгирандагон ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки баъди нисфирӯзӣ дар доираи Конференсия боз се ҷаласаи мавзуӣ баргузор мешавад.

Сарвинози Сайидалӣ,

радиои “Тоҷикистон”