Дар рӯзи дуюми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд

Имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад. Дар доираи конфронс имрӯз аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд.

Дар чаҳорчӯби конфронс аз 29 то 31 май баргузории 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ (сайд-ивентҳо), 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо,  намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешавад.

Конфронс ба рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ дар самти таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим— масъалаҳое, ки сол ба сол шадидтар ва муҳимтар мегарданд, табдил гардидааст.

Дар конфронси сатҳи баланд 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.

Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.