Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бар зарурати татбиқи Созишномаи иқлимии Париж таъкид доштанд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр намуданд, ки бе талошҳои фаврӣ ва фаъоли мутобиқсозӣ, ки ба ҳадафи якуним дараҷавии (1,5°C) Созишномаи Париж мувофиқат мекунад, ин тамоюл оқибатҳои фоҷеабор хоҳад дошт.
Ба гуфтаи сарвари давлат, пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд ва онҳо ҳамчун танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо амал мекунанд.
Дар идома Пешвои миллат гуфтанд, ки тибқи арзёбии коршиносон, дар ҳолати зиёд гардидани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, мутаносибан ҳаҷми зарари иқтисодӣ низ ба давлатҳои осебпазир афзоиш меёбад.
Дар ин замина гуфта шуд, ки дар сурати то ду дараҷа (2°C) боло рафтани ҳарорати ҳаво, нобуд шудани сеяки дигари пиряхҳои ҷаҳон пешбинӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки бояд тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ки иҷрои созишномаи Париж оид ба иқлим таъмин гардад ва тадбирҳои заруриро барои пешгирии афзоиши ҳарорати глобалӣ андешида шавад.