Туфони шадид дар ИМА. 28 нафар ба ҳалокат расид

Бар асари тӯфон дар маркази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 28 нафар ба ҳалокат расида, даҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд, — хабар медиҳад рӯзномаи New York Times. Аз ҳама бештар сокинони иёлоти Миссури ва Кентукки хисорот дианд. Дар он ҷо беш аз 5 000 хона хароб шуда, беш аз ним миллион нафар бе барқ ​​монданд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад. Мақомот ҳушдор медиҳанд, ки эҳтимол аст шумори ҳалокшудагон афзоиш ёбад.