Дар соли 2025 ҳар чорумин мошини дар саросари ҷаҳон фурӯхташуда электрикӣ мебошад

Имсол дар саросари ҷаҳон 20 миллион мошини барқӣ фурӯхта мешавад, ки ин ҳолати рекордӣ ба ҳисоб меравад. Ин пешгӯиро Агентии байналмилалии энергетикӣ нашр кардааст.

Талабот ба хариди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бештар дар Хитой, Осиё ва кишварҳои в Америкаи Лотинӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, маъруфияти мошинҳои барқӣ афзоиш хоҳад ёфт ва то охири даҳсола онҳо метавонанд то 40% бозори ҷаҳонии мошинро ишғол кунанд.

Ҳоло дар Чин аз се ду ҳиссаи мошинҳои барқӣ нисбат ба мошинҳои маъмулӣ арзонтаранд. Аммо дар бозорҳои дигар, аз қабили Аврупо ва ИМА баръакс. Бояд гуфт, ки имрӯз аксар кишварҳои ҷаҳон бо мақсади коҳиши газҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера ва гузариш ба иқлими сабз аз мошинҳои дарунсуз даст кашида, мошинҳои барқиро зиёд мекунанд.