Оғози Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ  зери унвони “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”

Имрӯз дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе  Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ  зери унвони “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”  оғоз гардид. Намоишгоҳ бо дастгирии  Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи савдову саноат ва ширкати “Тайрон”  соли ёздаҳум аст, ки баргузор мегардад.  Мақсади асосии намоишгоҳ дастгирии соҳибкорони ватанӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон, саҳмгузорӣ бар рушди иқтисоди миллӣ  мебошад.

Дар намоишгоҳи Тамғаи писандидаи  Тоҷикистон  2025 зиёда аз 30 ширкати истеҳсоливу хизматрасонӣ ширкат менамоянд.

Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси шаҳии Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода,  муовини вазири саноат ва технолтгияҳои нав Бахтиёр Сафаров ва муовини аввали  раиси Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ Анвар Насимов  суханронӣ намуда, оид ба дастгириҳои давлатии  соҳибкорони истеҳсолӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва  ифтитоҳи корхонаҳои наву маҳсулоти рақобатпазир  маълумот доданд.

Ёдовар мешавем рӯзи 16 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ бо иштироки  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва корпусҳои дипломатӣ ба таври тантанавӣ озмуни  “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ҷамъбаст ва ғолибон соҳиби ҷоизаи озмун хоханд шуд.   

Шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри  Душанбе метавонанд аз 15 то 17 майи соли равон аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дидан карда, аз он харидорӣ намоянд.    

Ш. Аҳмад