Баррасии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дар Хадамоти алоқа

13-уми майи соли 2025 вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ доир ба лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Чарлз Херпи баргузор гардидааст.

Дар ин бора сомонаи Хадамоти алоқа хабар дода, менависад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи самараноки ҷузъҳои лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» ва иҷрои тадбирҳои Матритсаи чорабиниҳои лоиҳаи «Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор» (DPO) баррасӣ карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини назорати доимии иҷрои лоиҳаҳои қайдгардида ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муколамаи мунтазамро идома медиҳанд.