Рӯзи дуюм аст, ки дар МТМУ рақами 65 — уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор мегардад. Ҳоло пурсиши иштирокчиён аз рӯйи наминатсияҳои «Адабиёти классики тоҷик», «Адабиёти кудакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ва «Адабиёти муосири тоҷик» ҷараён дошта, наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ҳоло шуруъ нагардидааст.
Имрӯз пурсиши иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи наминатсияи «Адабиёти классики тоҷик» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, санҷиши донишу малакаи донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо оғоз гардид. Сафия Зубайдуллоева хонандаи синфи 8 — уми Гимназияи рақами 2 шаҳри Душанбе, иштирокчии озмун аз рӯи наминатсияи «Адабиёти классики тоҷик» мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки давоми чанд соли иштирокаш дар озмун китобҳои зиёд хонда, ҷаҳонбинии маънавии худро васеъ гардонидааст.
Бояд гуфт, ки имсол бо ташаббуси Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағи ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як баробар зиёд гардида, ба 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ расонида шуд. Мутриба Абдуллоева хонандаи синфи 4 — и МТМУ рақами 16 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ барои ин давр таёрии хуб дида, умедвор аст, ки сазовори ҷойи намоён мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи низомномаи озмун аз соли 2021 ин ҷониб омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи намоён мегарданд, бо мукофотҳои пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Азалбегим Саймосалова омӯзгори МТМУ рақами 16 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ аз рӯйи наминатсия «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоӣ» 3 шогирд таёр карда, ба озмун овардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 354 нафар аз рӯи ҳамаи наминатсияҳо миёни ҳам донишозмоӣ менамоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»