Иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад. Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон доранд дар ин чорабинии байналмилалӣ иштирок намуда, аз тамошои он ғизои маънавӣ баранд. Дар ин хусус Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Масъулин ҳадафи баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон арзёбӣ намуданд.

Барномаи «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуд.

Солҳои охир барномаи «Шабе дар осорхона» дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.

Мақсади асосии ин иқдом муаррифии захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) эълон гардидааст. Аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.