Даври ниҳоии Фестивал — озмуни “Беҳтарин армуғон” доир шуд

Дирӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал — озмуни “Беҳтарин армуғон” баргузор гардид.

Чорабинии идона бо иштироки Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар роҳбарони сохторҳои марбута баргузор гардида, меҳмонон аз гӯшаҳои намоишӣ ва дастранҷи ҳунармандон дидан карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар чорабинӣ маҳсули заҳмати садҳо ҳунарманд аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз қабили гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чубкорӣ, заргарӣ, гаҳворасозӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва дигар анвои ҳунарҳои қадимии тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки маҳсулоти аҷибу зебои онҳо шоҳиди завқи баланди эстетикӣ ва маҳорати касбии иштирокчиён гардид.

Муҷиддини Сайфиддин,

радиои «Тоҷикистон»