Брифинг доир ба баргузории ҷаласаи 11-уми Шӯро оид ба сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ

Имрӯз дар толори Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар дар доираи ҷаласаи 11-уми Шӯро оид ба сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва Нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар, Брифинг баргузор гардид.

Таъкид рафт, ки баргузории нахустин мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 августи соли 2024 дар Остона баргузор шуд, пешниҳод гардида буд.

Дар ҷаласаи Шӯро, ки 4 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир мегирад, барои иштирок дар нишастҳо вазирони соҳавии 10 кишвар даъват шуда, ҷаласаҳо таҳти раисии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Зимни Раёсати Тоҷикистон дар ИДМ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар рушди соҳаи саноати мошинсозии вазнинро таҳия намуд, ки пас аз мувофиқаҳо ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки баргузории он 5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ворид карда шуд.

Гуфта шуд, ки Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсати саноатии ИДМ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои давлатҳои аъзоро дар соҳаи саноат, рушди шарикии саноатӣ ва кооператсия, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маводи ояндадор барои соҳаҳои баландтехнологии саноатӣ, табодули рақамии маҷмуи кӯҳӣ- металургӣ ва кимиёвии кишварҳои ИДМ ва аз дигар масъалаҳои муҳим иборат мебошад.

Инчунин, қайд гардид, ки дар чорчубаи чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи саноатӣ ташкил карда мешавад, ки дар он иқтидори саноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.

Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»