Дастаи футболи «Садо ва симо» бозии сеюми худро ҳам бо ғалаба анҷом дод

Дастаи футболи «Садо ва симо»-и Кумитаи телевизион ва радио дастаи Кумитаи рушди сайёҳиро бо ҳисоби 8:2 мағлуб намуд.

Ин бозии сеюми дастаи футболи «Садо ва симо»-и Кумитаи телевизион ва радио дар даврӣ гурӯҳӣ мебошад. Қаблан, футболбозони Кумитаи телевизион ва радио дастаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи андозро бо ҳисобҳои калон шикаст дода буданд.

Бозиҳои баъдӣ бо дастаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Маркази миллии тестӣ сурат мегиранд.

Ин бозиҳо дар доираи мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуда истодаанд.

Мусобиқаи мазкур байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта ҷараён дорад.