Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр, Абдухолиқ Холиқзода, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаро оғоз карданд.
Тавре ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода, иттилоъ дод, ки дар масофаи 1300 метр бо саҳмгузории сокинон аз ҷониби ширкати сохтмонии “АСЛ” мумфарш карда мешавад. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои пуриқтидор ва мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд.
Раиси шаҳри Панҷакент иқдоми сокинонро шоиста арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар сокини ноҳия бояд дар ободонии деҳа ва муҳайё намудани шароити мусоид барои фарзандону ояндагон саҳми арзанда гузорад».
Дар маҷмӯъ соли равон дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мумфарш кардани 24 километр ва қумпӯш намудани 60 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
Гулрӯ Ниёзова,
радиои “Тоҷикистон”