Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун иштирокчии фаъоли ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба мубориза ба зуҳуроти номатлуб, ки пайваста ба барномаҳои давлатие, ки ба пешгирии терроризм ва экстремизм равона шудаанд ва дар ин замина таҳкими ваҳдати миллӣ, амнияти кишвар ва ҳифзи озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд. Ин нутка имрўз зимни Конференсияи ҷумҳуриявие, ки дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” оид ба «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва тадбиқи Қатъномаҳои СММ» баргузор гардид, таъкид шуд.
Дар кори кори конференсия роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳо, МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон, ходимони дин ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок намуданд.
Инчунин дар рафти ҳамоиш гуфта шуд, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бврои солҳои 2021-2025 ва Қатъномаи зиёди СММ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби олимону коршиносон, зиёиёни эҷодкор, мақомоти давлатии масъул ба пешгирии экстремизм, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро яке аз самтҳои афзалиятноки худ эътироф кардааст.
Бо ин мақсад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба МОҶТ бармеоянд, чунин ҳамоиши сатҳи баланд имрӯз роҳандозӣ гардид, ки ин дар баланд бардоштани огоҳмандӣ дар бораи хатару таҳдидҳои навин вобаста ба экстремизму терроризм заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар хотимаи чорабинӣ иштирокчиён хулосаҳо ва тавсияҳои хешро ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, ки ин дар банақшагирии минбаъдаи барномаҳои давлатӣ дар самти баррасишаванда истифода бурда мешавад.
Олуфта Шарипова,
Радиои «Тоҷикистон«