Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО дохил шуданд

Дастхатҳои Қалъаи Муғ, ки бо шарофати бозёфти он соли 1932 ба таҳқиқи саҳифаҳои таърихи водии Зарафшон, охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо- Деваштич, кашфиёт ва омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтии водӣ, шаҳрдорию хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ, барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давра ибтидо гузошта шуд, дар қатори 74 чунин дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба Рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Тавре шарқшиноси рус, яке аз муҳаққиқони матнҳои суғдӣ Олга Смирнова навиштааст, бори аввал номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, сабт шудааст. Он ибтидои кашф ва таҳқиқи шаҳри Панҷакенти қадим гардид.

Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ, ки аз ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО ҳастанд , ба ин рӯйхат дохил карда шудаанд.

Дар ин хусус сомонаи ЮНЕСКО 17 апрели соли 2025 хабар интишор намудааст.