Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 апрел мақолае бо номи “Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон. Оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои сеҷониба” чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки созишномаҳои имзошуда дар рӯзи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ҳамчун намунаи дипломатияи муваффақи ҳамсоягӣ ба таърих ворид хоҳад шуд.
Ба гуфтаи муаллиф, ин раванд, барҳақ, ба таҳкими сулҳ, субот, дӯстӣ, ҳамкорӣ, рушд ва шукуфоии минбаъда дар минтақа мусоидат мекунад.
Дар идома таъкид мешавад, ки созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти се кишвари ҳамсоя на танҳо баррасии баҳсҳои марзии аз солҳои пеш боқимондаро ба анҷом расонд, балки руҳияи ҳамкориро дар минтақаи Осиёи Марказӣ куллан тағйир дод. Аҳамияти ин Созишнома барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавии байни давлатҳо ниҳоят муассир аст.
Ба хулосаи муаллиф, коршиносон солҳои дароз ба номуайяниҳои сарҳадӣ ҳамчун омили эҳтимолии низоъ ва муноқиша ишора мекарданд. Акнун, ки марзҳо шакли ҳуқуқии дақиқ гирифтанд ва иродаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нишон дода шуд, шароити мусоид барои рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ фароҳам омад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин матлабе таҳти унвони “Истеҳсолоти иҷро. Беҳбуди сифат сол ба сол мушоҳида мегардад” ба чоп расонидааст.
Дар ин матлаб зикр мешавад, ки Хадамоти иҷро аз моҳи апрели соли 2018 то семоҳаи якуми соли 2025 тавассути амалигардонии чораҳои маҷбурии қонунӣ, ба маблағи умумии 1 миллиарду 112 миллион сомонӣ, 10 миллиону 185 ҳазор доллар, 55 миллиону 100 ҳазор рубли русӣ ва 191 миллиону 779 ҳазор тенгеи Қазоқистон ва миқдори муайяни асъори дигар давлатҳои хориҷӣ таъмин кард, ки аз ин ба фоидаи давлат 432 миллион сомонӣ рӯёнда шудааст.
Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки бинобар муҳим будани ҳифзи иҷтимоии оила, махсусан таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои узви оилаҳои ақди никоҳашон кандашуда дар ин давра 194 миллиону 833 ҳазор сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ҳамчун маблағи алимент ситонда шуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 9 апрел мақолае бо номи “Ҳушдоре, ки ҷаҳонро такон дод” чоп карда, менависад, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим боиси вайроншавии низоми табиати сайёра мешавад.
Муаллиф дар идома мегӯяд, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар шакли кам шудани боришот дар фасли сармо, зиёдшавии рӯзҳои бо ҳарорати аз меъёр баланд, чангу ғубор ва инчунин, обшавии босуръати пиряхҳо – сарчашмаи асосӣ ва ҷузъи муҳими ғизодиҳии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мушоҳида мешавад.
Дар идома зикр мешавад, ки ҷиҳати пешгирии раванди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ба тасвиб расида, барои татбиқи барномаи мазкур Ҳукумати кишвар 25 млн 367 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Ба хулосаи муаллиф, ин ҳама далели таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ ва ҳифзи пиряхҳо мебошанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 апрел дар сармақолаи худ таҳти унвони “Фасли нав. Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо шарики стратегӣ мешаванд” натиҷаҳои нишасти Самарқандро баррасӣ кардааст.
Муаллиф менависад, ки Брюссел дар нишасти Самарқанд бастаи нави сармоягузории 12-миллиарддоллариро дар доираи ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ” эълон кард.
Раиси Комиссияи Аврупо чаҳор бартарии ин ташаббусро чунин баршумурд: “Аввал, роҳу нақлиёт. Дуюм, иқлим, энержӣ ва об. Мо барои ҳифзи амнияти обу энержии минтақа сарбандҳои азимеро ба мисли “Роғун” (Тоҷикистон) ва “Қамбарота” (Қирғизистон) бунёд мекунем. Сеюм, барои расонидани интернет тавассути моҳвораҳои худ ба минтақаҳои дурдасти минтақа ҳамкорӣ мекунем. Дар ниҳоят, ашёи хоми муҳим”.
Муҳаммад Шамсиддинов, коршиноси равобити байналмилалӣ дар робита ба ояндаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодия Аврупо ба ин нашрия гуфт: “Бисёриҳо вақте дар бораи нуфузи кишварҳо ҳарф мезананд, танҳо аз Русияву Чин ёд мекунанд. Иттиҳоди Аврупо дар бахши иқтисодӣ аз ин ду кишвар пеш гузашт. Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 Русияро гузашта, шарики дувуми иқтисодии Осиёи Марказӣ шуд”.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” чоп кардааст. Нашрия хабар медиҳад, ки ахиран Муфтиёти Қирғизистон бо нашри як эълон гуфт, ки “ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” ва он барои ҷомеаи ин кишвар падидаи бегона аст.
“Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба амнияти мардум таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки чеҳра боз бошад, то онҳоро шинохта тавонанд”,- зикр мешавад дар баёнияи Идораи мусулмонони Қирғизистон. Мақомоти ин кишвар ба занон ҳушдор додаанд, ки “дар сурати риоя нашудани талаботи қонун занҳо 20 ҳазор сом муодили 230 доллари амрикоӣ ҷарима хоҳанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 апрел бо нашри матлабе масъалаи афзоиши музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо дар Тоҷикистонро дар панҷ соли охир баррасӣ кардааст. Муаллиф мегӯяд, ки аз соли 2020-ум инҷониб ҳамасола музди кори кормандони ниҳодҳои буҷавӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакпӯлиҳо боло бурда мешавад. Аз ҷумла қарор аст, ки аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ андозаи музди меҳнати кормандони ниҳодҳои буҷетӣ аз 20 то 30 дарсад афзоиш ёбад.
Тибқи иттилои нашрия, ҳамин тариқ метавон гуфт, ки аз соли 2020-ум инҷониб музди меҳнати ташкилотҳои буҷавӣ ва стипендияҳо 2,2 баробар ва нафақаи бознишастагон 2 баробар зиёд шудааст.
Дар ин замина зикр мешавад, ки 35 дарсади қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2025 барои пардохти музди кор, стипендия, нафақа ва кӯмакпулиҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар буҷети соли ҷорӣ барои пардохти нафақа беш аз 5,1 миллиард сомонӣ ва кӯмакпулиҳо 350 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли гузашта мутаносибан 25,6 ва 25,8 дарсад зиёд аст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 10 апрел масъалаи пардохти қарзи андозҳоро матраҳ кардааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар се моҳи аввали соли 2025 ба суроғаи андозсупорандагони қарздор бо истифода аз махзани маълумот, дар маҷмуъ, 39627 адад огоҳинома ба маблағи умумии 776,5 млн сомонӣ дар шакли электронӣ ба “Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда” ирсол гардид.
Аз шумораи умумии огоҳиномаҳои ирсолшуда ба суроғаи андозсупорандагони қарздор, дар маҷмуъ, 8034 адади огоҳиномаҳои ирсолшуда пурра, 2097 адади қисман иҷро шуда, аз ин ҳисоб, дар маҷмуъ, 225,3 млн сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ба буҷет ворид карда шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”