СУТ: Бемории сурхак дар ҷаҳон афзоиш меёбад

Тибқи таҳлили Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва ЮНИСЕФ, дар соли 2024 дар минтақаи Аврупо 127,350 ҳодисаи бемории сурхак ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш ду баробар зиёд аст ва аз соли 1997 баландтарин аст. Зиёда аз 40 дарсади мавориди ба қайд гирифташуда дар минтақа – дар 53 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ – дар кӯдакони то панҷсола рух медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, то 6 марти соли 2025, 38 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. ТУТ аз кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки ҳарчӣ зудтар чораҳои фаврӣ оид ба эмкунии аҳолӣ бар зидди сурхак пурзӯр карда шаванд.