Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои Созишномаи сарҳади давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми марти соли 2025 дар Бишкек сурат гирифт, гарму ҷушон истиқбол мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии СММ хабар нашр кардааст.
Антониу Гутерриш ҳарду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта, ба раҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду кишвар барои бомуваффақият анҷом додани раванди музокироти бисёрсола баҳои баланд дод.
«Дабири кулл ба ҳамкории устувори созанда байни ду давлат барои таҳкими эътимоди мутақобил, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва тамоми минтақа умед дорад», — омадааст дар хабарномаи сомонаи расмии СММ.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.