Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии хифзи пиряхҳо бо ташаббуси Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе толори намоиши «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумхурии Точикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ то 14 марти соли равон идома карда, дар доираи барномаи таҳиягардида сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе аз он боздид менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Дилбар Одилзода муовини раиси шаҳри Душанбе суханронӣ карда, иброз намуд, ки пирияхҳо яке аз манбаъҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо бениҳоят зиёд аст.
Дар идома Рустам Холматиён муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат баромад карда, қайд намуд, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ҳифзи пирияхҳо, дар назди маҷмаъаи СММ чор пешниҳод аз ҷумла соли 2025 — ро элон намудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», таъсиси Фонди боварии ҳифзи пирияхҳо дар назди СММ ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конференсияи байналмилалии ҳифзи пирияхҳоро гузоштанд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби маҷмаъаи СММ қабул гардиданд.
Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Зафаршо Иброҳимзода директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки мақсад аз ташкили толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумхурии Точикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ин ҷонибдории икдомҳои байналмилалии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии бо ҷалби роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги пойтахт баргузор гардид. Гуфта шуд, ки дар доираи боздид аз ҷониби роҳбаладон доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»