Нишасти навбатии сарони СҲШ тирамоҳ дар шаҳри Тянзини Чин баргузор мешавад. Дар ин бора Ван И-вазири корҳои хориҷаи Чин дар нишасти матбуотӣ дар чаҳорчӯби «ду ҷаласа» хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои узв таҷрибаи мавҷударо ҷамъбаст намуда, нақшаи ояндаро таҳрезӣ ва равиши муштаракро ҷиҳати ҳамкориҳо мустаҳкам мекунанд.
Тибқи маълумоти агентии иттилоотии Синхуа дар чаҳорчӯби раёсати Чин таҳти унвони «Рӯҳи Шанхай: СҲШ дар амал» беш аз 100 чорабинӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисод ва равобити фарҳангӣ ва башардӯстона баргузор мешаванд.