«Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 шуд

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ғалаба дар қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 барандаи ин мусобиқа гардид. Дар ин бора Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ин бозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом барандаи Ҷоми ФФТ-2025 —  «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.