“Ҷумҳурият”: Нарасидани кадрҳо ва риоя нагардидани агротехника боиси коҳиши ҳосили пахта гардид (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дар мавриди муҳимтарин нукоти нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳатфаи ҷорӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.   

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 феврал мақолае бо номи “Тоҷикистон ва Эрон. Пайвандҳои таърихӣ бо муҳри ҷовидона” чоп кардааст.  Муаллиф дар мақолаи худ аз аввалин сафари давлатии Масъуди Пизишкиён раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ёдовар шуда, менависад, он чи диққати моро ҷалб кард, бо забони самимият сухан гуфтани роҳбарони кишварҳо буд. «Ба хонаи худатон хуш омадед» гуфтани Сарвари давлат меҳмони воломақомро худ нишони аз як реша будани мост.

Дар баробари ин муаллиф таъкид мекунад, ки хондани ашъори устод Рӯдакӣ аз ҷониби сарварони ду давлат умумияти фарҳангиву адабии моро баёнгар аст. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ёди ёри меҳрубонро аз забони устод Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонданд ва ҷавоби зебои Президенти кишвар ҳам аз забони қофиласолори назм гуворо садо дод:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

“Ҳамин аст қудрати забон, шеър, адаб, фарҳанг, ки ҳамеша моро бо ҳам пайванд мекунад. Ин пайвандро таърих муҳри ҷовидона задааст, ки роҳбарони ду кишвар имрӯз барои боз ҳам густариш ёфтани он хидмати бузурге мекунанд”, -хулоса кардааст муаллиф.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 феврал мақолае бо номи “Пахта. Ҳосилнокӣ коҳиш ёфт, чаро?” чоп карда, вазъи пахтапарварӣ дар кишварро матраҳ кардааст.

Муаллиф менависад, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ дар майдони 175 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 254 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардид, ки қариб 74 дарсади соли 2023-ро ташкил медиҳад. Муаллиф суол гузоштааст, ки воқеан, бо чи сабаб ҳосили дилхоҳ ба даст наомад?

Дар идомаи мақола гуфта мешавад, ки ба таъкиди масъулон, яке аз омилҳои асосие, ки боиси коҳиши ҳосил гашт, боронҳои пайдарпайи баҳорӣ буд, ки то миёнаи моҳи май идома ёфт. Дар натиҷа, кишти пахта 65 рӯз тул кашид, ки, аслан, бояд дар давоми 10-15 рӯз ба итмом мерасид. Мавсими пухта расидани зироат бошад, ба сардиҳои тирамоҳ рост омад, ки як қисми он дар майдонҳои пахтазор монд. Яъне, тағйирёбии иқлим ба кишти пахта таъсир расонду чинакчиён натавонистанд онро то охир ҷамъ оваранд. Ҳамзамон зикр мешавад, ки омили дигар, риоя нагардидани агротехникаи парвариш аст.

Тибқи иттилои дастрас, дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 177 ҳазорро ташкил медиҳад ва на ҳамаи онҳое, ки заминистифодабарандаанд, аз нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ хабар доранд. Яъне, мушкил нарасидани кадрҳост, ки риоя нагардидани агротехникаи парвариш боиси камҳосилӣ гардид.

Ба хулосаи муаллиф, таҳлилгарон иброз медоранд, дар сурати дар як гектар аз 30 сентнер зиёд ҳосил додан, пахта зироати манфиатовар аст. Дар акси ҳол деҳқон зарар мебинад. Аммо соли гузашта, ҳатто, баъзе хоҷагиҳо 8-10 сентнер ҳосил ба даст оварданд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 феврал вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва  аъзои Маҷлиси миллӣ бо Наврӯз Самадзода котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом шудааст.

Самадзода гуфтааст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар бобати ташкил ва гузаронидани интихобот заминаи мусоиду боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ ба вуҷуд омада, дар байни ширкатдорони раванди интихобот ҳамдигарфаҳмӣ, баҳсу муколамаҳои созанда, дарки мақсаду мароми тарафайн ва фазои орому озод фароҳам аст.

Дар баробари ин номбурда, аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз субъектони фаъоли интихобот маҳсуб меёбанд, изҳори қаноатмандӣ кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 7 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби халқии демократӣ, ки дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият доранд.

Дар идома таъкид мешавад, ки дар моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, тибқи он вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд. Ҳуқуқи бавоситаи интихоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ рабт дорад, ки аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 2 марти соли равон дар кишварамон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва 28 марти ҳамин сол интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 феврал хабар медиҳад, ки панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Чунки “панҷараҳо ҳусни шарҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд”. Ин нуктаро Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт рӯзи 10-уми феврал зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зикр кард.

Дар нишасти ахири Ҳукумати шаҳри Душанбе Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт эълон кард, ки тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аз 2-юми январи соли 2025 панҷараҳои тирезаи тамоми биноҳои пойтахт бардошта мешаванд. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом бо мақсади беҳтар кардани намои шаҳр ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои меъмории муосир амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи масъулон, панҷараҳои оҳанин симои шаҳрро коста карда, ба меъёрҳои нави шаҳрсозӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки ҳамаи онҳоро бартараф намояд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе дигари худ хабар дод, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар кишвар 4 кинотеатри нав сохта хоҳад шуд.

Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси «Тоҷикфилм» зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Шоҳиён, ду кинотеатр дар Душанбе, яке бо номи «Ситора» ва дигаре «Орлёнок» сохта мешаванд. Ҳамчунин, дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри «Ҳилолӣ» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри «Баҳор» бунёд хоҳанд шуд.

Таъкид мешавад, ки бунёди 4 кинотеатри нав як қадами муҳим дар роҳи эҳёи фарҳанги синамои миллӣ ва фароҳамсозии шароити беҳтари фароғатӣ барои сокинони кишвар хоҳад буд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 13 бо нашри матлабе хабар дод, ки Корхонаи бузурги коркарди нафт, ки ҳанӯз соли 2018 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шуда буд, охири соли гузашта ба таври озмоишӣ ба кор даромад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода хабар дод. “Соли гузашта 1622 тонна нафти пурра коркарднашуда оварда шуда, аз он 800 тонна бензин истеҳсол шуд”, — иброз дошт вазир.

Нашрия ёдовар мешавад, ки сохтмони корхонаи коркарди нафти мазкур бо иқтидори лоиҳавии 1,2 млн. тонна нафт дар як сол моли 2014 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” оғоз шуд. Сохтмони ин иншооти саноатӣ соли 2018 ба охир расид. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз ҳамон замон фаъолият надорад.

Тибқи омори расмӣ Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 16 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки метавонад ҳамагӣ ҳудуди 1,5% аз талаботи умумии корхонаи коркарди нафти “Данғара”-ро бароварда созад.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 13 феврал бо нашри матлабе  менависад, ки зиёд гардидани шумораи андозсупорандагони ғайрифаъол, сари вақт пешниҳод карда нашудан ва ё ба таври сифрӣ пешниҳод карда шудани эъломияҳои андоз аз ҷониби соҳибкорони бо низоми содакардашуда фаъолияткунанда аз масъалаҳоест, ки ба он бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Нашрия дар ин замина афзудааст, ки маблағҳои ҳисобшудаи андози низоми содакардашуда дар соли 2024,  476,9 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли 2023 ба маблағи 88,3 млн. сомонӣ ё 122,7 дарсад зиёд мебошад. Аммо гуфта мешавад, ки новобаста аз зиёд гардидани ҳиссаи маблағҳои ҳисобшудаи андози мазкур аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 87,1 млн. сомонӣ ё 25,8 дарсад ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 23,6 млн. сомонӣ ё 21,1 дарсад кам гардидааст.

Дар идома таъкид мешавад, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025, маблағи бақияи қарзи андози низоми содакардашуда 34,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба аввали соли 2024 ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”