Дар соли 2024 аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 603.3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин нишондод 1 миллиону 400 ҳазор нафари онро сайёҳон ташкил додаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023, 16.7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси кумита Ҷамшед Ҷумахонзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин манбаъ изҳор дошт, ки аз 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳе, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, 1 миллиону 285.4 ҳазори он аз кишварҳои ИДМ ва боқимонда аз давлатҳои хориҷи дур ҳастанд.
Зимни нишаст хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии кумита фаъолият доранд, ки аз он 35 адад дар ВМКБ, 94 адад дар шаҳри Душанбе, 42 адад дар вилояти Суғд, 18 адад дар вилояти Хатлон ва 11 адад дар шаҳри ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ рост меояд.
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»