Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягии «Ҳунарманди халқӣ» ғолиб гардид

Навраси тоҷик дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ, ки таҳти унвони «Ҳунарманди халқӣ» баргузор гардид, ғолиб дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе  хабар додааст.

Озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он таълимгирандаи маҳфили «Рақс»–и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Зебинисо Исмоилова дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардид.

Дар озмун кӯдакону наврасон ва ҳунармандони калонсол аз Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки навраси тоҷик Зебонисо Исмоилова дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Зебонисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Art Silk Way» низ, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда буд, аз рӯйи ду номинатсия сазовори ҷойи 1-ум гардид.