«Мо бояд барномаи паймони сулҳ бо табиатро қабул ва амалӣ кунем ва ба фарзандонамон ҷаҳони сасабзу пойдор ва беҳтареро ба ёдгор бигзорем».
Антониу Гутерриш, дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид
Табиат модари мост, мо одамон ва дигар мавҷудоти зинда фарзандони он мебошем. Табиат бо олами зинда ва ғайризиндаи худ, ки дар ҳамдастагӣ мувозинати ягонагии пайдоиш, гуногунӣ ва худнигаҳдориву худбарқароркуниро ба вуҷуд меорад, дар пояи чор мабдаи асосии он-об, ҳаво, хок ва оташ қарор дорад. Олами зиндаи табиат — рустаниҳо, ҳайвонот(одам низ), бактерияҳо ва занбурӯғҳоро, ки зиёда аз се миллион намуд доранд, аз чор унсури химиявӣ – ҳидроген, оксиген, карбон ва нитроген, ки моддахои асосии пайдоиши ҳаёт мебошад ба вуҷуд омадааст.
Моддаҳои асосии ҳаёт баъди 4,5 миллиард соли пурра ташаккул ёфтани сайёраи замин,бо гузашти 3,8 млрд.сол ва пайдоиши об аз хидрогену оксиген, дар об ташаккул ёфта дар натичаи таҳавуллоти эволютсионӣ мавҷудоти зиндаро рӯ ба олами ҳастӣ овардааст. Аз ин рӯ, одам, ки ҷузъи табиат аст ва ҳодисавуқонунҳои он ба иродаи одам вобаста нестанд, ба ӯ итоат намекунанд ва инсон бояд ба он мутобиқ шавад ва ибораи «Одам шоҳи табиат» гуфтан ҷоиз нест. Инсон набояд ба афзун шудани ҳодисаҳои табиат мусоидат кунад,балки дар пешгириҳои он чорагирӣ намояд ва «ҳифзи табиат чун ҳифзи ватан» бояд арзёбӣ гардад.
Имрӯз бошад зиёда аз сад сол аст, ки одамизод нисбат ба табиат муносибати мунофиқона дошта, мувозинати экосистемаро босуръат вайрон карда истодааст. Илова бар он зикр кардан бамаврид аст, ки ба ҷаҳони имрӯза, ба аҳли башар се хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ин хатарҳо: вазъи номатлуби экологии сайёра, ҷангҳои сарду яроқнок дар минтақаҳои мухталифи кураи замин ва торафт афзудани амалҳои террористӣ, экстремизми динӣ, тавсеа ёфтани фурӯши маводи мухаддир ва амсоли онҳо мебошанд. Ин равандҳо ба худ шакли глобалӣ гирифта, ба мураккабшавии муносибатҳои байни давлатҳо, бахусус давлатҳои абарқудрат бо мақсади аз нав тақсимкунии ҷаҳон ва аз худ кардани сарватҳои табиӣ, аз ҷумла газ,нефт, ангишт ва дигар захираҳо домани таъсири худро торафт густурдатар мекунанд.
Аз ин лиҳоз аз як тараф афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон ва аз тарафи дигар торафт зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, техникаву нақлиётҳои гуногун, истихроҷи аз ҳад зиёди захираҳои барқарорнашавандаи сӯзишвориҳо,инчунин яғмогариҳои ҷангал,сарватҳои уқёнусӣ сабаби бӯҳрони экологӣ гардида истодаанд. Оқибатҳои фоҷиабори он низ даҳшатбор хоҳад буд. Агар умумӣ карда гӯем сабабҳои асосии онро ба 5 омил вобаста кардан мумкин аст:
1. Мунтазам болоравии ҳарорати атмосфераи ҳаво;
2. Вайроншавии қабати озонии ҳавои атмосфера;
3. Фаъолияти номатлуб ва нодурусти соҳаи кишоварзӣ дар истифодаи замин, об, нуриҳои минералӣ, заҳрохимикатҳо ва ғайраҳо;
4. Беҳад зиёдшавии партовҳои истеҳсолию маишӣ;
5. Истеҳсол, истихроҷ ва истифодаи босуръати энергия, чун истеҳсоли барқи сӯзишворӣ, газ, нафт, ангишт, сӯзишвории сахт ва дигар захираҳои табиӣ.
Олими ангилис Т.Малтус гуфтааст, ки афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон тариқи прогресси геометрӣ (1,3,5,7,9… ) афзуда, афзоиши истеҳсоли неъматҳои моддӣ бошад, тариқи прогресси арифметикӣ (1,2,3,4,…), яъне истеҳсол аз таваллуд кам шуда истодааст. Масалан: Дар оғози ҳазорсолаи якум (асри I) аҳолиирӯи замин ҳамагӣ 270 млн. нафар буд ва дар асри XIX (1850) он ба 1 млрд расид яъне дар 1850 сол 730 млн.нафар зиёд шуд. Акнун таваҷҷуҳ кунед, баъди 75 сол ё соли 1925 он ба 2 млрд. расид. Соли 1976 бошад 4 млрд. 1985-5 млрд, соли 2000-ум 6,5 млрд, соли 2010-7,2млрд ва имрӯз қариб ба 8,5млрд. расидааст. Ҳисоб карда шудааст, ки аҳолии ҷаҳон соли 2030 ба 9 млрд. хоҳад расид ва то соли 2050 он ба 14 млрд.пешгӯї карда истодаанд, ки он табиист, ки якқатор мушкилот, аз љумла ғизо, ҷои кор, ҷои зист ва ғайраро ба миён мегузорад. Имрӯз инсоният фаҳмида истодааст, ки фаъолияти номатлуби ӯ ба табиат, муҳити зист ба кадом оқибатҳои фалокатбор бурданаш мумкин аст. Айни замон бошиддат ғорат гардидани захираҳои табиӣ аз тарафи мамлакатҳои аз онҳо бой сайёраи Заминро ба баландшавии ҳарорати ҳавои атмосферӣ, истифода ва гудозиши оҳан, чӯян, пӯлод, сурб, мис, қалъагӣ ва дигар фулузот, ба хориҷшавии гази сулфит ва пайдошавии “боронҳои кислотагӣ” ва дар саноати яхдону маводи шӯянда истифодаи моддаҳои хлорфтордор “Фрионҳо” ба пайдо шудани “Сӯрохаи озонӣ”сабаб гардида, зиёдшавии партовҳои саноатию маишӣ, истеҳсоли энергия аз сӯзишворӣ дар атмосфера миқдори гази карбонро10-15 баробар афзун карда, ба обшавии пиряхҳои Арктика ва дигар минтақаҳо, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон боис шуда, хавфи доман паҳн кардани офатҳои экологиро торафт васеъ карда истодааст. Ба ибораи дигар ин ҳолат экосистемаи табииро халалдор намуда, мувозинати организмҳои зиндаву моддаҳои ғайризиндаро вайрон карда истодааст. Масалан: ҳар сол ба кураи Замин, ба атмосфераи он миллиардҳо-миллиардҳо тонн партовҳо ва ифлосиҳо бароварда мешаванд. Як худи ИМА то 5млрд.тонна партов мепартояд,Чин-2,7млрд.,Россия-2,1,Германия, Британияи Кабир ва Ҳиндустон аз 550 то 850 млн. Канада, Италия, Фаронса, Мексика, Қазоқистон, Африкаи Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ аз 300 то 500 млн. тонна партов ба замин ва об мепартоянд. Ҳоло бузургтарин ва ифлостарин шаҳрҳо дар Чин, Ҳиндустон, Мексика ва Кореяи Ҷанубӣ шинохта шудаанд. Дар бораи таъсири антропогенӣ (яъне таъсири одамӣ) ба табиату муҳити зист соатҳо баҳсу андешаҳоро баён кардан мумкин аст, аммо инљо мо дар бораи як муаммои соҳаи кишоварзӣ,ки он яке аз омилҳои асосии вайроншавии муҳити зист гардидааст ибрози назар намуданием.
Сараввал бояд донем, ки мафҳуми “Хок” чист? Хок аз кӯҳҳо, ҷинси куҳӣ дар натиҷаи бодхӯрдашавӣ , обшусташавӣ дар тӯли садҳо, ҳазорсолаҳо ва омезиши моддаҳои органикӣ-пӯсиши растаниҳою ҳайвонот ва дигар микроорганизмҳо пайдо мешавад. Дар байни сайёраҳои системаи офтобӣ танҳо Замин қабати ҳосилхез, яъне хок дорад . Олими рус В.Докучаев хокро ҳамчун олами зинда арзёбӣ кардааст. Таркиби хокро зиёда аз 60% маъданҳои кӯҳӣ, намакҳо, 10% моддаҳои органикӣ, 15-25%-ҳаво, 25-35% -об ташкил медиҳанд.
Таркиби органикии хок,ки аз олами фавтидаи набототу ҳайвонот пайдо мешавад ва онро дар илм “гумус”меноманду он қисми ҳосилхезии хок аст,35-40 см-ро дар бар гирифта, ба ибораи дигар қисми модарӣ(материнская порода) ҳам мегӯянд. Ана ҳамин замин қисми ҳосилхезии он хок аз рӯзи азал мукаммал ва бенуқсон офарида шуда, он дар давоми шаш ҳазор соли зироаткории маданӣ рӯ ба танназул ниҳодани замин эҳсос нашудааст.Вайроншавии хок аз соли 1840, замоне,ки назарияи олими немис Юстус фон Либих пайдо шуд, шурӯъ гардидааст. Инсоният маҳз пас аз ин ба истифодаи нуриҳои минералӣ оғоз намудааст. Сараввал дар асри XIX ба истифодаи селитраи чилигӣ оғоз бахшиданд. Ҳарчанд ҳамон замон олимоне буданд, ки зидди истифодаи нуриҳои минералӣ садо баланд карда, мухолифат нишон медоданд. Аз он ҷумла И.Е.Овсинский ва В.В.Докучаев. Азбаски бинобар истифодаи маъданҳо ҳосил зиёд мешуд, мардум ба суханҳои онҳо бовар накарданд, зеро,ки замин ҳануз заҳролуд набуд ва воқеан афзоишии ҳосил ба мушоҳида мерасид. Лекин соҳиби замин бехабар аз он буд,ки то кадом андоза замини худро заҳролуд мекунад. Мисол: дар аввалҳои асри XX ба ҳар як килои нурии азотии ба замин ворид кардашуда 10 кг ғалла мегирифтанд, ҳоло бошад ин нишондиҳанда 2-3 кг-ро ташкил медиҳад. Деҳқон на бояд бо қонунҳои табиат мубориза барад, балки онро риоя намояд ва бо он муросо кунад. Қонуни замин, ки вайрон шуд он ҳатман зарари худро ба деҳқон мерасонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки таи ҳазорсолаҳо инсоният аз плугу трактор хабар надошт, нурии минералӣ чист намедонист, вале аз замин ҳосили хуб ба даст меовард. Массалан, замоне буд, ки инсоният аз ғалладонагиҳо то 1000 сентр ҳосил мегирифт. Ҳоло, чӣ? Бинобар солҳои тӯлонӣ истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва маводҳои заҳрогин (заҳрохимикатҳо) мо қабати ҳосилхезии заминро бо дастони худ ба нестӣ расонидем. Деҳқоне, ки имрӯз ба ҳар як гектар аз 300 то 800кг нурии азотӣ(селитраю карбамид) медиҳад, намефаҳмад, ки дар як га замини ӯ 80000 тонна азоти биологӣ мечархад.
Олимон ва мутахассисони рус дар охирҳои асри XX нурие эҷод ва истеҳсол карданд, ки ба бисьёр мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ба пастшавии сатҳи ҳосил посухи рӯшан дод. Ин нурӣ ба худ номи Маҷмӯъи Нурии Микробиологиро гирифт. Вале ҳоло мушкили асосӣ бовар кунонидани деҳқон ба самаранокии ин нурӣ инчунин ба зиёни маводҳои заҳрогину кам кардани миқдори истифодаи нуриҳои минералӣ мебошад, зеро истифодаи нуриҳои минералӣ ба як амали одатӣ табдил ёфтааст.
Селитраро чун ғизо медиҳем. Ранги зироат дигар мешавад. Мегӯем ана “дору” таъсир кард,ҳосил зиёд мешавад. Дуруст аст, таъсир мекунад, ҳосил зиёд мешавад аммо бар ивази чӣ? Бар ивази маҳсулоти заҳрогин. Вазифаи мутахассисони мо дар ин ҷода он аст, ки онҳо бояд ба деҳқони барзгар зарари истифодаи маводҳои кимиёвиро фаҳмонида дода онро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Гурӯҳи кории мо дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо деҳқонҳои зиёде ҳамкорӣ дорад. Онҳо дар майдонҳои кишт яъне аз 3 то 16г ектарро ташкил медиҳад ва таи беш аз 10-12 сол аст, ки аз истифодаи нуриҳои минералӣ оҳиста –оҳиста даст кашида истодаанд. Онҳо эътимоду бовар ба даст овардаанд, ки бе истифодаи нуриҳои минералӣ метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Ба ғайр аз он маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо тозаю шифобахш ва арзиши аслиаш пасту меҳнаташ кам мебошад. Айни замон дар бозорҳои ҷумҳурӣ 10-12 навъи микронуриҳои биологӣ ва се намуд нуриҳои микробиологӣ гардиш мекунанд. Аз онҳо маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ дар ҷумҳурии мо истеҳсол карда мешавад ва дар баланд бардоштани ҳосилхезии замин нақши муҳимеро мебозад. Сарфи ин нуриҳо дар маҷмӯъ барои як гектар 1500-2000 сомониро ташкил медиҳад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳануз бархе аз деҳқонон, ба вижа пиёзпарварон ба хотири ба даст овардани ҳосили баланд ба замин аз 700 то 1500 кг нуриҳои нитрогенӣ ворид мекунанд, ки хатои маҳз аст, зеро кадом зироатро нагиред, барои гирифтани ҳосили муътадил имконияти аз 50 кг азоти холиси биологӣ гирифтанро надорад. Агар онро ба селитраи дар халта буда гардонем, он 147кг-ро ташкил медиҳад ва боқимонда ҳамааш дар қабатҳои хок шуста шуда, шӯрнокии онро баланд карда, ба корношоям табдил медиҳад. Хирадмандони чинӣ гуфтаанд: “Деҳқони бой оне нест, ки ҳосили баланд гирифта бошад, деҳқони бой он аст, ки заминро парвариш карда, аз он ҳосил ба даст овардааст”. Парвариши замин ин маънии ба он додани маъдани сунъӣ, яъне заҳру намак набуда, балки ғанигардонии қисми органикии хок мебошад. То он вақте, ки мо қисми органикии хокро ғанӣ намегардонем, ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонем.
Аз мушоҳидаи солҳои охир бармеояд, ки имрўзҳо башарият маҳсулоти кишоварзие, ки бо роҳи истифодаи моддаҳои кимиёвӣ истеҳсол карда мешаванд, ба тадриҷ даст кашида, рӯ ба маҳсулоти табиии биологӣ оварда истодаанд. Дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ майдонҳои калони хоҷагиҳои деҳқонӣ корро дар ин бобат шурӯъ кардаанд. Пеш аз ҳама деҳқон бояд мушоҳидакор бошад, ҷаҳонбинии худро ба шароити имрӯза мутобиқ кунад, ба шиори “Инсон –заминро, замин –растаниро, растанӣ –инсонро хўронад” ҳамқадам бошад ва қоидаи “Бояд,ки замин чун унсури муққадас нигоҳ дошта шавад” сармашқи фаъолияти худ қарор бидиҳад.
Сабаби асосии фоидаовар набудани соҳаи кишоварзӣ ин самаранок истифода набурдани энергияи бепули (ройгони) офтоб ва моддаҳои биоорганикии захиракардашуда ҳосили оянда мебошад. Яъне оҳиста-оҳиста истифодаи нуриҳои маъданиро кам карда, аз он ба пуррагӣ дар мобайни се сол даст бояд кашид, бар зидди ҳашароти зараррасон ва бемориҳои растанӣ бо усули биологӣ бояд мубориза бурд. Барои соҳиби замин принсипи асосӣ ин мушоҳидакорӣ аст. Дар ин маврид мутахассисон ва ҳамкорони мо таҷрибаи хуб доранд. Масалан, хоҷагии деҳқонии “Аъзамҷон” аз ҷамоати “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хисрав 16 га замин дорад ва дар он зироатҳои гуногунро парвариш менамоянд. Назар ба суханони сардори хоҷагӣ онҳо имсол аз истифодаи нуриҳои маъданӣ ба пуррагӣ даст кашида истодаанд. Кишоварзони хоҷагии мазкур ҳосили хуб мегиранд. Онҳо дар минтақаи вилояти Хатлон ба як мактаби минтақавӣ табдил ёфтаанд. Тибқи суханони сарвари хоҷагӣ аллакай дар майдонҳои онҳо миқдори кирми лойхурак афзоиш ёфта истодааст, ки он нишондиҳандаи тоза шуда рафта истодани хокро муайян мекунад. Хоҷагии мазкур ягон кори иловагиро ба анҷом нарасонидааст, фақат бо тавсияҳои мутахасиссони мо аз нуриҳои органикӣ , биологӣ ва микробиологӣ бо риояи технологияи истифодабарии онҳо кори худашро роҳандозӣ кардааст. Инчунин хоҷагиҳои деҳқонии «Бобои Юлдош», сардори хоҷагӣ Камолов Фахриддин, хоҷагиҳои деҳқонии «Одинамаҳмад», сардораш Хоҷаев Маҳмаднаим, ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддин ноҳияи Панҷ-ро мисол овардан мумкин аст.
Дар ин ҷода саҳми намояндаи Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон номзади илми кишоварзӣ Сафаралӣ Орипов хеле намоён буда, кӯмаки профессор Партоев Қурбоналӣ Партоевич арзанда мебошад.
Деҳқононе, ки имрӯз моҳияти нуриҳои биологӣ, органикӣ ва микробиологиро дарк кардаанд, ҳеҷ гоҳ ба нуриҳои маъданӣ ниёз надоранд. Чунки заминашон доим нарм, гумуснокиашон баланд буда,бо харҷи кам ҳосили баланд ба даст меоранд. Ба ибораи дигар гӯем истифода аз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (микроорганизмҳои зиндаи самаранок), микронуриҳои биологӣ (микроэлементҳо)ва нуриҳои органикӣ (пору,биогумус,зоогумус,компост) ҳам ба иқтисоди миллии мо ва ҳам ба худи деҳқони барзгар нафовар аст. Масалан, қаблан як линга селитра ва ё карбамид ба 450-650 сомонӣ дакка хӯрда буд, ҳоло бошад 250-400сомонӣ шудааст, албатта ин бозор аст ва пешгӯинашаванда мебошад.
Деҳқонони ҳамкори мо мушкилии хариди нурии минералиро надоранд. Чунки замини онҳо ҳамасола ҳосилхез шуда рафтан мегирад. Мо ба онҳо кишти зироатҳои сидералӣ тавсия додаем, ки дар мавсими тирамоҳ кишт мекунанд ва аввали баҳор чун нурии сабз истифода мебаранд, ки яке аз захираи асосӣ барои баланд бардоштани гумуснокии хок мусоидат мекунад. Ин аст, ки нархи нуриҳои минералӣ онҳоро ташвиш намедиҳад. Як мисоли оддии дигар, фарз кардем як ҷамоат 1000 га замин дорад ва ба ҳар як гектари он 1000сомонӣ хароҷоти нурии минералӣ илова мешавад, агар ба усули пешниҳоднамудаи мо гузаранд, аз 1000 гектар як миллион сомонӣ сарфа карда мешавад, ки он маблағҳоро деҳқон метавонад ба дигар мақсадҳояш истифода барад. Хулоса моро зарур аст, ки батадриҷ аз истифодаи нуриҳои маъданӣ ва пестидсидҳо даст кашида, рӯ ба нуриҳои органикӣ-биологӣ ва ба ҷои заҳрхимикатҳо ба усулҳои биологии маҳви зараррасонҳо гузарем. Бо ҳамин ҳам олами набототу ҳайвонотро аз офатҳои экологӣ ҳифз намоему ҳам аҳолиро бо ғизои солим таъмин намоем. Бо ин мақсад ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бориз гузорем.
Зуҳридин Шаробидинов, раиси Кумитаи
Асотссиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон
Сафаралӣ Орипов, намояндаи ААТ дар вилояти
Хатлон, номзади илми кишоварзӣ
Махсус барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”