Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои  ду кишвар дар ин самтҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон, ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки  пешбурди пайгиронаи он ба маҷмуи муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва рафти омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ ва вохӯрӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Русия” дар Душанбе баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри бисту як баргузор гардид ва ин санад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки кори муштарак дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи санади мазкур омили таъмину таҳкими сулҳу субот ва рушди босубот дар минтақа мегардад.