«Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» имрӯз бо дидори тимҳои милли Тоҷикистону Ҳиндустон ифтитоҳ мегардад


Дуюмин мусобиқаи «Ҷоми миллатҳои CAFA» бо дидори дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон ифтитоҳ мегардад, ки дар он мухлисонро як қатор барномаҳои дигар интизор аст.

Имрӯз, 29-уми август, дар шаҳри Ҳисор дуввумин мусобиқаи «CAFA Nations Cup», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ доир мегардад бо ду бозӣ дар гурӯҳи «В» оғоз мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд.

Дар бозии ифтитоҳии мусобиқа тими миллии Тоҷикистон бо тими Ҳиндустон рақобат мекунад.
Тавре манбаъ изҳор доштааст, барои мухлисоне, ки ба бозӣ чипта хариданд, тӯҳфаи гуворо омода карда шудааст, ки ин мошини BYD E2 мебошад.

Ҳамзамон пеш аз оғози вохӯрӣ тамошобинонро барномаи консертии идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик интизор аст. Маросими ифтитоҳи мусобиқа соати 20:00, дар Варзишгоҳи
марказии шаҳри Ҳисор оғоз шуда, билофосила баъд аз он бозии Тоҷикистон –Ҳиндустон баргузор мешавад.

Рустам Зоиров

радиои «Тоҷикистон»

акс аз саҳифаи расмии ФФТ