Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025 дар шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд бозии 3-юми санҷишии худро доир карданд.
Дирӯз шогирдони Марко Раҷинӣ дар бозии сеюм бо ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура» рақобат карда, бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба ба даст оварданд. Голҳоро аз ҳайати наврасони тоҷик Садриддин Сатторов ва Абдулло Иброҳимзода ба нишон расониданд.
Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки наврасони 17-солаи Тоҷикистон санаи 21-уми январ дар бозии сеюм бо ҳамсолони худ аз Қувайт рақобат мекунад. Аммо тавре манбаъ зикр намудааст ин бозӣ ба далели он ки тими Кувайт оғози ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия ба охири моҳи январ гузаронд, лағв шуд.
Бояд гуфт, ки наврасони тоҷик дар бозии аввал бар «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфта, дар дидори дуюм аз намояндаи Суперлигаи Сербия «Спартак» (Суботитса) бо ҳисоби 1 бар 5 шикаст хӯрданд.
Бозии санҷишии охирини тими Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия рӯзи 23 январ бо тими Академияи «Краснодар» дар назар аст.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»