Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазири корҳои хориҷии Русия

20 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Вершининро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр мешавад,ки зимни суҳбат ҳамкории Душанбе ва Москва дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар доираи абзорҳои бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Ҳамчунин табодули афкор атрофи масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба сурат гирифт.