Нақши занон дар эҳёи суннатҳои Наврӯзӣ — Форуми байналмиллалӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Точикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байнанмиллалӣ таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои Наврўзӣ» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, созмонҳои занон, меҳмонони хориҷӣ, ҳунармандон, фаъолони ҷомеа, донишҷӯён ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Чорабинии мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиши мазкур тақвияти дўстӣ ва ҳамкории занон, муаррифии анъанаҳои миллии Наврӯз, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва рушди фарҳанг, ташкили майдони муколама ва табодули таҷриба мебошад.

Ифтитоҳи расмии ҳамоиш бо суханрониҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, шарикони рушд оғоз гардида, кори он дар ду панел идома ёфт.

Бояд гуфт  ки баргузории ин чорабинӣ миёни занон ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамдилӣ мусоидат хоҳад  кард. Зимни ҳамоиши сатҳи баланд гуфта шуд, ки натиҷаи Форуми мазкур ба таҳкими робитаҳои фарҳангии митақавӣ, эҷоди шабакаи ҳамкории занон, баланд гардидани сатҳи муаррифии фарҳанги миллӣ ва ба тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ҳамчунин дар чорабинӣ намоиш ва барномаи фарҳангӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

О. Шарипова

радиои «Тоҷикистон«