Дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ВМКБ нақшаи даъватро пурра иҷро кард

Рӯзи даъватшаванда дар маркази вилояти шаҳри Хоруғ аз майдони марказӣ то Чорбоғи шаҳр бо оҳанги шодиву нишот оғоз гардид. Дар роҳпаймоӣ ва маросими сафарбаркунии ҷавонписарони шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони меҳнат, волидайни аскарбачаҳои худихтиёрӣ бо шиору овезаҳои тараннумкунандаи ормонҳои  аҷдодӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои волои инсонӣ иштирок карданд.

Зимни суханронӣ раиси вилоят ин нуктаро қайд кард, ки фарзандони парчамбардори ин сарзамин бо нияти нек баҳри адои қарзи виҷдонии худ дар назди Ватан-Модар хизмати ҳарбиро пешаи кории худ қарор додаанд.

Раиси комиссияи даъвати баҳорӣ, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳабибулло Амирбекзода дар сӯҳбат иброз дошт, ки аз соли 2018 ҷавонони вилоят дар даъвати баҳорӣ ва тираҳмоҳӣ ҳамасола аз иҷрои ин рисолати муқаддаси инсонӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон бо расму суннати ниёгон   ва барномаи рангини аҳли ҳунару санъати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонда шуд, ки ба даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиши миллӣ таровати хоссаеро зам намуд.

Сафармоҳи Муҳаммадфозил,

Радиои “Тоҷикистон”