Фазои идона ва намоиши китобҳо дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи дуюм аст, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии рӯзи «Дарҳои боз» баргузор мегардад.  Дар чорабинии мазкур кормандони касбу корашон гуногун, сокинони шаҳри Душанбе, меҳмонону сайёҳон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок намуданд.

Имрӯз ҳам саҳни Китобхонаи миллиро фазои идона фаро гирифта буд. Дар саҳн ва дохили китобхона намоиш — фурӯши китобҳои тозанашри шуъбаҳои китобхона ба роҳ монда шуд, ки ин ҳолат боиси хурсандии дӯстдорони китоб гардид. Шарофати Ҷамолиддин мутахассиси шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки чорабинии рӯзи «Дарҳои боз» дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ҳадафи асосии он ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва ошноии онҳо бо китобҳои тозанашри китобхона мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки имсол чорабинии рӯзи «Дарҳои боз» дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омад. Бо ин мақсад барои меҳмонону иштирокчиён гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Аз ин гӯша меҳмонон имкон доштанд, ки тамошо карда, чизи лозимаи худро харидорӣ намоянд. Наргис Назарзода корманди Китобхонаи миллӣ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари дигар китобҳо, дар китобхона осорхонаи китобҳои нодир ва китобҳои замони истиқлол боз гардидааст, ки танҳо дар доираи чорабинии рӯзи «Дарҳои боз» хонандагон имкони тамошои онро доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи чорабинии рӯзи «Дарҳои боз» дар баробари китобҳои тозанашри шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, инчунин асарҳои рассомӣ намоиш дода мешвад. Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик ва арҷ гузотан ба ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.            

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»