Нашри китобҳои дарсии синфҳои 8 ва 9 «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони туркманӣ

Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсии синфҳои 8 ва 9 «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони туркманӣ аз чоп баромаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Муаллифони китобҳо академик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳкам Маҳмудзода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳмизода мебошанд.

Ин дастоварди илмӣ қадами муҳим дар густариши ҳамкории илмӣ-фарҳангӣ ва таъмини дастрасии хонандагони туркманзабон ба донишҳои ҳуқуқӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ маҳсуб мешавад.