Фарҳанги ронандагӣ, яъне муҳити ахлоқию равонӣ дар роҳ дар омори садамаҳои нақлиётӣ нақши ҷиддӣ мебозад. Фарҳанги ронандагӣ дар Тоҷикистон солҳои охир тадриҷан беҳтар мешавад, вале ҳанӯз то сатҳи зарурӣ нарасидааст.
Сароғоз
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт пайваста даъват мекунад, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд ва ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Борҳо таъкид карда шудааст, ки риояи меъёрҳои ҳаракат дар роҳ бевосита аз рафтори ронандагон вобаста аст.
Чанде қабл Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе аз он, ки вақтҳои охир ронандагони таксиҳо мусофиронро дар ҳолати мастӣ интиқол медиҳанд, изҳори нигаронӣ кард. Садамаҳои зиёди нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки боиси марги шаҳрвандон мегарданд ва бинобар ахлоқи носолими ронандагон, нодида гирифтани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва муносибати беэътиноёна ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ рух медиҳанд.
Дар робита ба ин, РВКД-и пойтахт аз ҳамаи ронандагони нақлиёти мусофирбар катъиян талаб кардааст, ки қоидаҳои муқарраршудаи ҳаракати роҳро риоя кунанд ва аз амалҳое, ки метавонанд ҳаёти ҳам худи онҳо ва ҳам дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузоранд, канорагирӣ кунанд.
Яъне фарҳанги ронандагиро сарфи назар накунанд.
31 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати дастгирии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи амал барои солҳои 2024-2034» ба имзо расонида шуд. Онро аз ҷониби фармоишгар – Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда – директор оид ба рушди ширкати FRED Engineering S.R.L (Италия) Франсиско Рейна имзо намуданд.
Яке аз самтҳои асосии татбиқи Стратегия баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ронандагӣ, тағйир додани рафтори иштирокчиёни дигари ҳаракат бо мақсади риояи бечунучарои меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи аҳамият ва зарурияти баланд бардоштани фарҳанги рафтор дар роҳҳо таъкид намуданд. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 28 декабри соли 2023 чунин иброз доштанд: «Зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд».
Фарҳанги ронандагӣ чист?
Фарҳанги ронандагӣ маҷмӯи қоидаҳои рафтори ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ мебошад, ки риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, эҳтиром ба дигар иштирокчиёни ҳаракат, кӯмак ба мошинҳои дигар ва ғайраро дар бар мегирад.
Пӯшида нест, ки ҳар як асбобу абзор дар ҳаёти инсонҳо дар баробари манфиат овардан боиси мазаррат низ шуда метавонад. Яъне ҳар як шайъ дар баробари суду фоидааш ҷиҳати манфӣ низ дорад, агар он дуруст истифода нашавад. Вақте мо ба ягон дастовард ноил мегардем, албатта, шоду хурсанд мешавем, вале баъзан дар натиҷаи нодуруст истифода шудани он, ки боиси зиёну зарари дигарон мегардад, афсус мехӯрем.
Ҳамин тариқ, замоне ки мошину тракторҳо ба тадриҷ сохта мешуданду ҷойи аспу хар, астару уштур ва аробаҳоро мегирифтанд, кори одамон осон мешуд, аммо касе фикр намекард, ки онҳо метавонанд сабаби маргу ҳалокати одамон шаванд.
Ҳоло ҳам чунин аст, бахусус ҷавононе, ки хеле ба зудӣ орзуи соҳиби мошин шуданро мекунанд. Мутаассифона, аксари онҳо аз оқибати мошиндорӣ, риояи қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, одобу ахлоқ ва иззату эҳтироми ҳампешагон шояд бохабар бошанд, вале аз рӯйи он амал намекунанд.
Фарҳанги ронандагӣ, чун ҳама навъҳои фарҳанг, тӯли даҳсолаҳо ташаккул меёбад. Солҳои охир дар ҷумҳурии мо он ба тадриҷ беҳтар мешавад, вале то ҳол ба сатҳи баланд ва зарурӣ нарасидааст.
Ронандагони бофарҳанг
Ба қатори ронадагони бофарҳанг (соҳибкасб, бомаҳорат, хушмуомила,тарбиядида) ронандагонеро метавон дохил кард, ки:
– Дар ҳама ҳолат, ҳангоми убури чорраҳа, дар рӯ ба рӯи чароғаки роҳ, вақти аз як хат ба хати дигари ҳаракат гузаштан, ба самти чап ё рост гаштан, пеш гузаштан аз мошинҳо, ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин ва ғайра Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя мекунанд;
– Ҳангоми ҳаракат дар роҳ тасмаи бехатариро истифода мебаранд ва мусофири дар паҳлӯяшон нишастаро низ ба ин водор месозанд;
– Ба талаботи нозири БДА итоат мекунанд;
– Ҳангоми ҳаракат дар роҳ баҳудаю беҳуда ба иштирокчиёни дигари ҳаракат, аз ҷумла ба мошине, ки дар пеш истодааст ва бо сабабе ҳангоми сабз шудани чароғак зуд ҳаракат намекунад, буқ (сигнол) намезананд;
– Мошинро дар таваққуфгоҳ тарзе мегузоранд, ки ҷои ду мошинро банд насозад ва баромадани мошинҳои дигарро мушкил нагардонад;
– Ба ронандае, ки мошинаш нуқси техникӣ дорад ё дар роҳ аз кор мондааст, фаромада кумак менрасонанд;
– Ба мошине, ки мехоҳад пеш гузарад, роҳ медиҳанд, дар дохили мошин телефони мобилиро истифода намебаранд;
– Ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ тарзе муносибат мекунанд, ки мехоҳанд дигарон ба худашон чунин муносибат кунанд;
Ронандагони бефарҳанг
Ба қатори ронандагони бефарҳанг (ғайрикасбӣ, камсавод, дағал, тарбиянадида) онҳое дохил мешаванд, ки:
– Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд;
– Бо суръати аз меъёри муқарраршуда зиёд мошин меронанд;
– Тасмаи бехатариро намебанданд;
– Шароб нӯшида, пушти фармони мошин мешинанд;
– Ба иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ эҳтиром намегузоранд, муносибати дағалона мекунанд;
– Талаботи нозири БДА-ро нодида мегиранд;
– Мошинашонро сари роҳ ҳар куҷое рост омад, мегузоранд, барои ин аз таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои муқарраршуда истифода намебаранд;
– Ҳангоми ҳаракат дар роҳ дасти чапашонро аз тирезаи мошин берун мебароранд ;
– Ҳангоми ҳаракат дар роҳ, бо телефони мобилӣ гуфтугӯ мекунанд, сигор ё нос мекашанд.
Саранҷом
Моҳиятан фарҳанги ронандагӣ аз ду ҷузъ таркиб меёбад: фарҳанги (ё маърифати) ҳуқуқии шаҳрвандон ва қоидаҳои нонавиштае, ки сатҳи маърифати умумии инсон, одобюу ахлоқ ва таълиму тарбияи ӯро нишон медиҳанд.
Он чи ба маърифати ҳуқуқӣ дахл дорад, ин аст, ки қонуну қоидаҳоро давлат барои он муқаррар месозад, ки бояд иҷро шаванд, зеро онҳо ҳуқуқу озодӣ ва рафоҳияти худи шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд. Шаҳрванде, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунад, шахси билқувва (эҳтимолан) хатарнок маҳсуб мешавад, зеро метавонад дигар қавоиди тартиботи ҷамъиятӣ ва қонунҳои давлатро низ нақз намояд.
Қоидаҳои нонавиштаи рафтору одоб низ хеле муҳиманд: касе, ки дар оила ва мактаб таълиму тарбияи дуруст нагирифтааст ва дар ҳаёти шахсӣ пиндору гуфтору рафори ношоиста дорад, вақте ба сари чамбараки мошин мошинад, дигар намешавад.
Аз ин лиҳоз, ҳангоми ҳаракат дар роҳ бояд ҳушёру зирак буд, фарҳанги ронандагиро бояд риоя кард ва ба дигар иштирокчиёни ҳаракат намунаи ибрат нишон дод!
Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj